Апрел 22, 2017 16:31 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ФБР дар маврди интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико

Пулиси федерали Амрико (ФБР), аз дахолати Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Пулиси федерали Амрико рӯзи шанбе бо интишори гузорише эълом кард,ҷосусони рус аз Картер Пейдж -мушовири Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико барои мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар истифода кардаанд. Дар ин гузориш омадааст, ҷосусони рус ба сурате амал кардаанд, ки шиносоии онҳо ба унвони ҷосус душвор будааст.

Мақомоти амрикоӣ, дар моҳҳои ахир ҳамвора муддаии дахолати Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико шудаанд.

Русия, ҳамвора ҳар гуна дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро рад кардааст.

Пеш аз ин низ Майкл Флинн ба дунболи интишори гузоришҳое дар мавриди дидори вай бо Сергей Кисляк-сафири Русия дар Вашингтон, аз мақоми мушовири амнияти миллии Амрико истеъфо кард.

 

Барчасп