Апрел 24, 2017 11:26 Asia/Dushanbe
  • Амрико: Наметавонем дар баробари ҳамлаи ҳастаии Русия биистем

Вазири амнияти дохилии Амрико гуфт, кишвараш сомонаҳои дифоӣ надорад, ки битавонад ҳамалоти ҳастаии густурдаи эҳтимолии Русияро дафъ кунад.

Ба гузориши ал-Олам ба нақл аз пойгоҳи “Русия ал Явм”, John Kelly дар гуфтугӯ бо шабака СНН дар посух ба саволе, дар бораи мизони қудрати Амрико дар муқобила бо ҳамалоти ҳастаии эҳтимолии Кореяи Шимолӣ ё ҳар кишвари дигаре гуфт, «бидуни шак бархе кишварҳо, ба унвони намуна Русия, миқодири зиёде силоҳи ҳастаӣ доранд ва метавонанд, бар тавони дифоии мо ғалаба кунанд».

Вай дар бораи мизони хатари мушакҳои Кореяи Шимолӣ бар амнияти Амрико гуфт, иттилооте дар ин хусус дорам, аммо маҳрамона аст.

Kelly гуфт, «замоне, ки Кореяи Шимолӣ дорои мушаки ҳомили кулоҳаки ҳастаӣ аст, ки метавонад Амрикоро ҳадаф қарор диҳад, Амрико дар маъраз хатари ҷиддӣ қарор дорад».

Вай гуфт, «Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико пеш аз давраи дуввуми раёсатҷумҳуриаш, дар садади ҳалли ҷиддии ин масъала аст». Албатта Kelly тавзеҳи бештаре дар ин бора надод.