Интишори натоиҷи ниҳоии даври нахусти интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16192-Интишори_натоиҷи_ниҳоии_даври_нахусти_интихоботи_раёсатҷумҳурии_Фаронса
Вазорати кишвари Фаронса эълом кард, Эммануэл Макрон-номзади мустақил ва миёнарав бо касб 23 / 75 дарсад оро ва Марин Лен Пен – раҳбари ростгарои “Ҷабҳаи мардумӣ” бо 21/23 дарсад оро ба даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар роҳ ёфтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 24, 2017 08:19 Asia/Dushanbe
  • Интишори натоиҷи ниҳоии даври нахусти интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса

Вазорати кишвари Фаронса эълом кард, Эммануэл Макрон-номзади мустақил ва миёнарав бо касб 23 / 75 дарсад оро ва Марин Лен Пен – раҳбари ростгарои “Ҷабҳаи мардумӣ” бо 21/23 дарсад оро ба даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар роҳ ёфтанд.

Ба гузориши ИРНА, Bernard Cazeneuve-вазири кишвари Фаронса, рӯзи душанбе нархи мушорикати фаронсавиҳо дар ёздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронсаро, ки рӯзи якшанбе (23 апрел) баргузор шуд, 78/69 дарсад эълом кард.

Ин дар ҳоле аст, ки нархи мушорикати фаронсавиҳо дар интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурӣ, ки дар соли 2012 баргузор шуд, 80/42 дарсад буд оморе, ки ҳокӣ аз коҳиши мушорикати фаронсавиҳо дар интихоботи имсолро дорад.

Орои дигари номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса ба тартиб Франсуа Фийон-ҷумҳурихоҳ 19/91 дарсад ва Жан Марк Айро 19/64 дарсад эълом шудааст.

Барои интихоботи рӯзи якшанбеи раёсатҷумҳурии Фаронса ,66 ҳазору 546 шӯъбаи раъйгирӣ дар сарзамини аслии (дохили Фаронса) пешбинӣ шуда буд ва афзун бар 50 ҳазор неруи пулис ва амнияти маҳаллҳои ахзи раъйро таъмин мекарданд.

Даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса, ҳафтуми моҳи май бо ҳузури ду мунтахаби даври нахуст, баргузор мешавад.