Интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса дар миёни беэътимодии мардум
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса якшанбеи 23-юми апрел бо рақобати 11 номзад аз аҳзобу гароишҳои сиёсии мухталиф дар саросари ин кишвар баргузор шуд.
Дар миёни ин 11 нафар чаҳор номзад- шомили Франсуа Фийон аз Ҳизби ростгарои ҷумҳурихоҳон, Жан Лук Миленшон аз Ҳизби “Фаронсаи таслимнопазир”, Марин Ле Пен аз Ҳизби рости ифротии Ҷабҳаи миллӣ, Эммануел Макрон аз ҷумбиши “Ба пеш” бештар аз дигарон шанси қарор гирифтан дар листи ду нафарии даври дувуми интихоботро доранд. Давлати Фаронса барои раъй додани 47 миллион шаҳрванди воҷиди шароит, беш аз 67 ҳазор сандуқ тадорук дида буд. Ҳамчунин 50 ҳазор нерӯи полису жандарм ҳамроҳ бо ҳафт ҳазор нерӯи артиш дар таъмини амнияти даври нахусти интихобот ба кор гирифта шудаанд.
Ин тадорукот дар канори ҳузури 11 номзади интихоботӣ ҳазинаи сангинеро ба давлати ин кишвар таҳмил кардааст. Ба вижа, ки давлати Фаронса ба ҳамаи ин 11 нафар 800 ҳазор то ҳашт миллион евро, мутаносиб бо мизони раъҳояшон кӯмак мекунад. Давлати Фаронса ба ҳар як аз ду номзади роҳёфта ба даври дувуми интихобот низ 10 миллиону 700 ҳазор евро пардохт хоҳад кард.
Бо вуҷуди ин ҳазинаи ҳангуфт, интихоботи Фаронса дар миёни беэътимодии мардум баргузор шудааст. Гузоришҳо ҳокист, мизони мушорикат дар ин интихобот то соати 17 ба вақти маҳаллӣ, яъне ду соат монда ба замони итмоми раъйгирӣ, камтар аз 70 дарсад будаву нисбат ба интихоботи даври қабл дар соли 2012 коҳиш ёфтааст.
Ҳамлаи террористии шомгоҳи панҷшанбе дар хиёбони Шанзе Лизеи Порис ва куштаву захмӣ шудани се нафар ду рӯз монда ба раъгирӣ, нигарониҳои амниятии интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронсаро ташдид кард, ба тавре, ки манобеи хабарӣ фазои амниятии ҳоким бар ин интихоботро бесобиқа гузориш кардаанд.
Ҳамчунин Вазорати дохилаи Фаронса аз таътили ду шуъбаи раъйгирӣ ба иллати мулоҳизоти амниятӣ дар шарқи ин кишвар хабар дод.
Дар нооромии дигар, ҳамзамон бо раъйгирӣ, шуморе аз аъзои гурӯҳи фемен дар ҳоле ки ниқобҳое шабеҳ ба Марин Ле Пен ба сурат зада буданд, наздики дафтари интихоботии вай дар Энин Бомонт таҷаммуъ карданду зидди ин номзади интихоботӣ шиор доданд.
Бисёре аз таҳлилгарон нигарониҳои амниятиро аз далоили умдаи берағбатии мардуми Фаронса ба интихобот медонанд.
Жан Батист дю Монт Волун, таҳлилгари масоили Аврупо дар мақолае бо ишора ба шикофи миёни ҷомеа ва давлатмардони фаронсавӣ, ҳамзамон бо баргузории интихобот дар ин кишвар навишт, ин рӯзҳо вожаҳое чун тардид, билотаклифӣ ва сардаргумии раъйдиҳандагон аз забони мардуми Фаронса бисёр шунида мешавад.
Гоми нахусти Фаронса барои интихоби ҳафтумин раиси ҷумҳурии панҷуми ин кишвар дар чунин шароите баргузор шуд. Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса ҳафтуми моҳи май баргузор хоҳад шуд.