Алқоида масъули инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург
(last modified Wed, 26 Apr 2017 04:55:07 GMT )
Апрел 26, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Алқоида масъули инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург

Як гурӯҳи террористии вобаста ба Алқоида масъулияти ҳамлаи террористӣ ба метрои Санкт-Петербурги Русияро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, гурӯҳи террористии мавсум ба “Гурдони Ал-Имом Аш-Шомил”, вобаста ба Алқоида рӯзи сешанбе эълом кард, Акбарҷон Ҷалилов, аз афроди ин гурӯҳ чаҳоруми апрели соли 2017 худро дар миёни мусофирони метрои Санкт-Петербург мунфаҷир кардааст.

Дар баёнияи ин гурӯҳи террористӣ бо ишора ба муборизаи артиши Русия бо террористҳо дар Сурия иддао шудааст то замоне, ки мардуми Русия монеъ аз дахолати давлаташон дар Сурия нашаванд, бояд ҳазинаи ин мудохиларо бипардозанд.

Ду инфиҷор дар як истгоҳи метро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастикам 14 кушта ва 50 захмӣ барҷой гузошт.

Дастгоҳи иттилоотии Русия ҳамон рӯзҳо омили террористиро Акбарҷон Ҷалилов, шаҳрванди Қирғизистон эълом карда буд.