Озмоиши мушаки байниқораии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16322-Озмоиши_мушаки_байниқораии_Амрико
Амрико як мушаки баллистики байниқораӣ озмоиш кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 27, 2017 07:14 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши мушаки байниқораии Амрико

Амрико як мушаки баллистики байниқораӣ озмоиш кард.

Рӯзномаи “Вашингтон пост” навишт, Амрико рӯзи чаҳоршанбе як мушаки баллистики байниқораии мавсум ба “Minuteman-3”- ро, ки ғайримусаллаҳ буд, озмоиш кард.

Ин мушак, ки бахше аз тавони атомии Амрико маҳсуб мешавад, аз пойгоҳи ҳавоии “Vandenberg ” дар иёлати Калифорния ба сӯйи ҳадаф дар шаш ҳазору ҳафтсаду панҷоҳу нуҳ километрӣ, дар Уқёнуси Ором шиллик шуд.

Иқдомоти таҳрикомези низомии Амрико, аз ҷумла партоби озмоишии ин мушаки баллистики қорапаймо муҷиби афзоиши нигаронӣ ва интиқодоти фаровони созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ шудааст.

Ин созмонҳо Амрикоро ба рӯйи даст гирифтани ошкори “стандартҳои дугона” муттаҳам кардаанд.

 Бархе созмонҳои байналмилалӣ бо ҳушдор дар хусуси хатари физояндаи чунин иқдомоте таъкид кардаанд, Амрико озмоишҳои мушакии худро дуруст ва муфид медонад, дар ҳоле ки озмоишҳои мушакии Кореяи Шимолиро таҳдидкунанда ва барҳамзанандаи субот арзёбӣ мекунад.