Сарнавишти кӯчактарин инсони сигоркаши ҷаҳон (тасовир)
(last modified Thu, 27 Apr 2017 15:10:44 GMT )
Апрел 27, 2017 20:10 Asia/Dushanbe
  • Алди Ризал (Aldi Rizal)
    Алди Ризал (Aldi Rizal)

Алди Ризал (Aldi Rizal) кӯдаки 9 солаи индонезиёӣ, ки дар ду солагӣ ба унвони хурдсолтарин инсони сигоркаши ҷаҳон шинохта шуда буд, акнун рӯзгори ҷадидеро мегузаронад.

Ба гузориши “Daily Mail”, Алди Ризал, ки аз ду солагӣ ба танбоку мӯътод шуда ва тасовири сигор кашидани ӯ бозтоб густурдае дар расонаҳои ҷаҳон дошт, дар ниҳоят тасмим гирифт, то одатҳои бади зиндагии худро тарк кунад, ки дар ин кор муваффақ ҳам будааст.

Алди Ризал аз ду солагӣ ба танбоку мӯътод шуд ва то 40 адад сигор дар рӯз дуд мекард.

Ин кӯдак дар панҷсолагӣ як давраи тавонбахширо барои тарки сигор гузоранд ва дар ниҳоят тавонист, одати хатарноки худро тарк кунад.

Ӯ, ки пас аз тарки сигор ба ғизои равғанӣ алоқа пайдо карда ва бисёр чоқ  шуда буд, тавонист бо ирода қавӣ бар ин мушкил ҳам ғалаба кунад ва акнун зиндагии солимеро сипарӣ мекунад.

Image Caption
Image Caption
Image Caption