Апрел 28, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Боҷхоҳии Трамп аз Кореяи Ҷанубӣ ва вокуниши Сеул

Амрико, ки худ тарроҳи истиқрори сомонаи зиддимушакии пешрафтаи “Thaad” дар хоки Кореяи Ҷанубӣ аст, ҳоло мегӯяд, ҳазинаи як миллиард доллари насб ва амали шудани ин сомонаро бояд Сеул бипардозад.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Олам”, Трамп дар ҳоле ин хостаро матраҳ кардааст, ки ду кишвар соли гузашта барои истиқрори ин сомона бо баҳонаи таҳдидҳои мушакӣ ва таслиҳотии Кореяи Шимолӣ ба тавофуқ расиданд ва чанд рӯз қабл насби ин таҷҳизот дар минтақаи Сеонгҷу, дар 300-километрии шаҳри Сеул ба поён расидааст.

Хабаргузории “Yonhap News”-и Кореяи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъа дар гузорише навишт, Трамп мегӯяд, ё дар ин замина дубора музокира хоҳад шуд, ё ин ки ҳазинаро бояд Кореяи Ҷанубӣ бипардозад. Вазорати дифои Кореяи Ҷанубӣ низ рӯзи ҷумъа дар посух ба изҳороти Трамп бо интишори баёнияе таъкид кард, ҳазинаи истиқрори “Thaad” бо Ҳукумати Амрико аст, зеро Кореяи Ҷанубӣ бар асоси тавофуқ, замини мавриди ниёз барои истиқрори сомонаро дар ихтиёри Амрико қарор додааст.

Чин ва Русия ба унвони мунтақидони аслии иҷрои ин тарҳ мегӯянд, сомонаи “Thaad”  ба гунае тарроҳӣ шудааст, ки радарҳои он метавонад иттилоотеро аз мӯшакҳои ин ду кишвар ҷамъоварӣ кунад ва ҳатто ба сомонаи дифоии Амрико дар Ҷопон муртабит шавад.

Системаи “Thaad”, ки тавлиди ширкати «Локид Мартин»-и Амрико аст, як барномаи таслиҳотии заминпоя бо қобилияти таҳаррук аст, ки барои нобудии мушакҳои баллистикии кӯтоҳбурд ва миёнбурд, чанд сония пеш аз бархӯрдани онҳо ба замин, тарроҳӣ шудааст.

 

Барчасп