Апрел 30, 2017 19:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти кушта шудан ва дафни Бин Лодан аз забони қотилаш

Нерӯи амрикоии омили ҳалокати Усома бин Лодан, саркардаи собиқи ташкилоти байналмилалии Алқоида, ҷузъиёти ҳамлаи тими вижаи ин амалиёт дар Абитободи Покистон дар соли 2011-ро ифшо кард.

Ба иттилои Алъолам, Роберт О'Нил, узви собиқи нерӯи дарёии Амрико бо навиштани китоби "Нерӯи амалиётӣ" ҷузъиёти ҷадидеро дар бораи амалиёти нобудии Усома бин Лодан ривоят кардааст .

Бар асоси ин гузориш, О'Нил дар ин китоб тавзеҳ медиҳад, ки чигуна гурӯҳи зарбат дар хонаи сетабақаи маҳалли зиндагии Бин Лодан, ибтидо ду зан ва Холид, писари Бин Лоданро ва сипас худи ӯро куштаанд .

Вай дар тавзеҳи чигунагии куштани Бин Лодан менависад: “Пас аз онки бо Бин Лодан, ки дар як утоқи торики сохтмон ба ҳамроҳи камсинтарин ҳамсараш махфӣ шуда буд, рӯ ба рӯ шудам, ба ӯ шиллик кардам, ки дар натиҷаи он, сараш шикофт, аммо барои итминон аз маргаш, як тири дигар ба сараш шиллик кардам”.

Бо вуҷуди баҳсҳои фаровон дар бораи инки чи касе тири халосро ба Бин Лодан задааст, О'Нил таъкид мекунад, ки ӯ шахсан ин корро кардааст .

Дар китоби "Нерӯи амалиётӣ" ҳамчунин омадааст, аъзои гурӯҳи зарбат талош мекарданд, ду бахши сари Бин Лоданро канори ҳам қарор диҳанд, то бо он акси ёдгорӣ бигиранд .

Ҳамчунин аъзои ин тими амалиёт ба навбат ба ҷасади Бин Лодан шиллик кардаанд, ки дар натиҷа беш аз 100 ҷои гулула дар ҷасади Бин Лодан бар ҷой монда буд .

Ба навиштаи ин китоб, ҷасади Бин Лодан пас аз онки таҳқиқот барои итминон ёфтан аз ҳуввияти ӯ комил шуд, бо каштии амрикоии Карл Винсон CVN-70 ба дарёи араб бурда шуд ва рӯзи дуввуми майи 2011 чанд афсари артиши Амрико пас аз хондани мутуни динии аз пеш таъиншуда, ҷасади Бин Лоданро ба дарё андохтанд .

 

Барчасп