Афзоиши тадобири амниятӣ дар Истамбул
Май 01, 2017 08:56 Asia/Dushanbe
Ҳамзамон бо “Рӯзи ҷаҳонии коргар” дар Истамбули Туркия, тадобири густурдаи амниятӣ иҷро шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ҳудуди 30 ҳазор тан аз неруҳои пулис, маъмури барқарории амният дар Истамбул шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, шумори зиёде аз неруҳои вижаи пулис дар майдони Тақсими Истамбул, ки вазорати дохилии Туркия ҳафтаи гузашта бо баргузории маросими “Рӯз коргар” дар ин майдон мухолифат карда буд, мустақар шуда ва бархе истгоҳҳои метрои Истамбул низ баста шудааст.
Дар ҳамин иртибот эълом шуд, фаъолияти бандарҳои манотиқи Бешиктош, Кабаташ ва Каракои Истамбул низ аз субҳи имрӯз (душанбе) мутаваққиф шудааст.