Август 07, 2016 20:28 Asia/Dushanbe
  • Талафоти сангини террористҳо дар Ҳалаби Сурия

Манобеи сурӣ аз талафоти сангини террористҳо дар Ҳалаб, шимоли Сурия хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии сурии "Алахбория", нерӯи ҳавоии артиши Сурия рӯзи якшанбе марокизи истиқрори гурӯҳҳои террористиро дар ҷануби Ҳалаб ҳадаф қарор дод ва хисороти сангине ба онон ворид кард.

Дар ин ҳамлаи ҳавоӣ, илова бар аз кор баромадани даҳҳо дастгоҳ худрави низомӣ, даҳҳо террорист низ кушта ва захмӣ шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бархе расонаҳои душман ҷанги равонии густардае дар бораи Ҳалаб ба роҳ андохтаанд.

Ин расонаҳо даҳҳо тасвир ва филми сохтагӣ пахш карданд то бар рӯҳияи мардум таъсир бигузоранд ва афкори умумиро фиреб диҳанд ва бар шумори зиёди талафоте, ки террористҳо дар набардҳои Ҳалаб рӯбарӯ шудаанд, сарпӯш гузоранд.

Набарди заминӣ байни нерӯҳои артиш ва террористҳо дар Ҳалаб ҳамчунон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар даргирӣ байни нерӯҳои артиши Сурия ва афроди гурӯҳи Аҳрори Шом дар меҳвари шимоли Лозиқия, ғарби Сурия 15 нафар аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ, аз ҷумла яке аз саркардагони он кушта ва як нафар захмӣ шуд.

Ҳамчунин маркази русии ҳамоҳангии Ҳмеймим дар Сурия эълом кард, гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия беш аз нуҳсаду бист бор тавофуқи таваққуфи даргириҳоро аз моҳи феврал то кунун нақз кардаанд.

Барчасп