Май 01, 2017 20:50 Asia/Dushanbe
  • Артиши Амрико дар паи ҳак кардани мағзи инсон

Артиши Амрико эълом кардааст, барои баҳрабардории бештар аз тавоноиҳои низомиён ва ҷосусон, дарсадад аст, мағзи инсонро ҳак кунад.

Ба иттилои пойгоҳи интернетии Science Alert, Созмони прожеҳои таҳқиқотии пешрафтаи дифоии (DARPA) Амрико буҷети ҳудудан 50 миллион доллариро дар ихтиёри ҳашт гурӯҳи таҳқиқотӣ қарор додааст, то баррасӣ кунанд, ки чигуна таҳрики электрикии системаи асабӣ метавонад ба осон шудани ёдгирӣ кумак кунад .

Ҳадаф аз ин барномаи чаҳорсола, ки “омӯзиши ҳадафманди инъитофпазирӣ" (TNT) ном дорад, шиносоии равишҳои бехатар ва матлуби таҳрики асабӣ аст, ки битавонад инъитофпазирии синаптикӣ яъне тавоноии синапсесҳо барои қавӣ ё заиф шудан дар тӯли замонро фаъол созад ва дар натиҷа, ёдгирии наҳваи анҷоми корҳои ҷадид ва ба хотирсупории онҳо осон шавад .

Муҳаққиқони ҳашти гурӯҳе, ки дар ин барнома ширкат доранд, бо анҷоми як маҷмуаи озмоиш рӯи довталабони инсонӣ ва низ рӯи ҳайвонот, наҳваи таъсири аъсоби мухталифро бар фарогирӣ баррасӣ мекунанд .

Бар асоси ин гузориш, гурӯҳе аз муҳаққиқони Донишгоҳи иёлотии Аризона саргарми баррасии наҳваи таъсиргузории таҳрики асабӣ бар назорат, шиносоӣ ва маҳоратҳои тирандозӣ ҳастанд ва муҳаққиқони Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс низ ин асаротро бар фарогирии забон баррасӣ мекунанд .