Сафири пешини Афғонистон дар Қазоқистон боздошт шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16552-Сафири_пешини_Афғонистон_дар_Қазоқистон_боздошт_шуд
Муҳаммади Форуқи Баракӣ, сафири пешини Афғонистон дар Қазоқистон боздошт шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 02, 2017 09:16 Asia/Dushanbe
  • Сафири пешини Афғонистон дар Қазоқистон боздошт шуд

Муҳаммади Форуқи Баракӣ, сафири пешини Афғонистон дар Қазоқистон боздошт шуд.

Ба иттилои Ка-Ниюз, сафири пешини Афғонистон дар Қазоқистон барои чанд соат дар фурӯдгоҳи Остона аз сӯи нерӯҳои амниятии ин кишвар боздошт шуд .

Бар асоси ин гузориш, Муҳаммади Форуқи Баракӣ дар замони бозгашт ба Кобул пас аз поёни маъмурияти худ дар посух ба саволи маъмурони фурӯдгоҳи Остона мабнӣ бар муҳтавиёти чамадонаш, ба истеҳзо гуфт, ки дар дохили чамадонаш бомб дорад .

Ба дунболи ин иттифоқ , ниҳодҳои амниятии Қазоқистон бо эъзоми 100 нерӯи вижа, роҳҳои мунтаҳӣ ба фурӯдгоҳро масдуд карданд ва сафирро мавриди бозҷуӣ қарор доданд .

Моҷаро пас аз мудохилаи мақомоти Вазорати хориҷаи Қазоқистон хотима ёфт .

Ҳануз мақомоти расмии Қазоқистону Афғонистон дар заминаи боздошти кӯтоҳмуддати Муҳаммади Форуқи Баракӣ, сафири пешини Афғонистон дар Қазоқистон ба таври расмӣ изҳори назар накардаанд .

Аммо вай гуфтааст, бархурди хориҷ аз урфи кормандони Фурӯдгоҳи байналмилалии Остона муҷиб шудааст, ки дар бораи вуҷуди бомб дар чамадонаш бо онҳо шухӣ кунад .