Май 02, 2017 20:34 Asia/Dushanbe
  • ЮНЕСКО: Исроил Қудсро ишғол кардааст

Юнеско бо тасвиби қатъномае эълом кард, ки режими Исроил ҳеҷ ҳокимияте бар шаҳри Қудс надорад ва бояд аз ин шаҳр хориҷ шавад.

Ба гузориши пойгоҳи шабакаи хабарии “ал-Олам”, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид дар нишасти рӯзи сешанбеи худ дар мухолифат бо сиёсатҳои ишғолгаронаи режими саҳюнистӣ дар шаҳри Қудс қатъномае зидди Исроил тасвиб кард. Ин қатънома, ки бо аксарияти ороъ тасвиб шуда, таъкид мекунад, ки Исроил ҳокимияте бар шаҳри Қудс надорад ва ин шаҳр ишғол шудааст. Ин қатънома ҳамчунин хориҷ шудани Қудс аз контроли режими Исроилро хостор шудааст.

 Дар ҷаласаи имрӯзи ЮНЕСКО қатъномаи маҳкумияти тасаллути режими саҳюнистӣ бар шаҳри Қудс бо 22 раъй мувофиқ, 10 раъй мухолиф ва 26 раъйи бетараф тасвиб шуд. Ба навиштаи пойгоҳи хабарии «I24 ниюз», ин қатънома бо ба расмият шинохтани аҳамияти бахши қадимии шаҳри Қудс барои се дини тавҳидӣ (ислом, масеҳият ва яҳудият), дар бораи сиёсатҳои Исроил барои яҳудисозии ин шаҳр ҳушдор дод. Дар бахше аз ин қатъома таъкид шудааст: «Тамоми иқдомоти қонунгузорӣ ва иҷроияи Исроил ба унвони нерӯи ишғолгар, ки чеҳра ва ҳувияти шаҳри Байтулмуқаддасро тағйир додааст, пӯч ва беэътибор аст ва бояд фавран лағв шавад».

 

Барчасп