Тиллерсон: Гуфтугӯи телефонии Трампу Путин бисёр созанда буд
Вазири умури хориҷаи Амрико гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Русия ва Амрикоро бисёр созанда хонд.
Ба иттилои пойгоҳи хабарии Русия Алюм, Рекс Тиллерсон гуфт: Гуфтугӯи Трампу Путин бисёр хубу созанда буд ва дутараф ба таври муфассал ба табодул оро пардохтанд, ҳол бояд мунтазири натиҷа буд .
Кохи Сафед низ бо судури баёнияе, ин гуфтугӯро бисёр созанда донисту афзуд: Ду раисҷумҳур таъкид карданд, ки ҳамаи тарафҳо бояд тамоми талоши худро барои поён додан ба хушунатҳо дар Сурия ба кор гиранд .
The Wall Street Journal низ ба нақл аз як мақоми масъул дар давлати Амрико навишт: Ин гуфтугӯ бо ибтикори амали Путин анҷом шуд ва 30 дақиқа ба тӯл анҷомид .
Ҳамчунин Кохи Кремлин бо интишори баёнияе эълом кард, дутараф дар ин дидор аз мулоқоти ихтисосӣ дар ҳошияи Конфронси гурӯҳи 20, ки қарор аст, июли оянда дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор шавад, истиқбол кардаанд .
Дар ҳоли ҳозир, равобити Русияву Амрико бадтарин шароити худро аз замони поёни ҷанги сард токунун сипарӣ мекунад .