Барҳам дода шудани порлумони Британия барои баргузории интихоботи зудҳангом
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16658
Порлумони Британия барои баргузории интихоботи зудҳангом дар ҳаштуми июн, бо эъломи нахуствазир ба таври расмӣ барҳам хурд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 04, 2017 12:21 Asia/Dushanbe

Порлумони Британия барои баргузории интихоботи зудҳангом дар ҳаштуми июн, бо эъломи нахуствазир ба таври расмӣ барҳам хурд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, агарчӣ намояндагони порлумони Британия ҳафтаи гузашта маҳалли порлумонро тарк карданд, аммо барҳамхурии расмии порлумон чаҳоршанбешаб эълом шуд.

Бо барҳамхурии Маҷлиси авоми Англия, рақобатҳои интихоботии намояндагони маҷлис ва давлати ояндаи ин кишвар оғоз шуд.

Нахуствазири Британия пештар яке аз аҳдофи баргузории интихоботи зудҳангомро суръат гирифтани “Брекзит” ё аз раванди музокирот хориҷ шудани ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо унвон карда буд.

Барномаи хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо бузургтарин чолиш пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум барои давлати Британия аст.

Мардуми Британия 23-юми июни соли 2016 бо ширкат дар як ҳамапурсӣ ба хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо раъй доданд.