Май 05, 2017 16:20 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 12 фарди мусаллаҳ дар шарқи Афғонистон

Бар асари инфиҷори бомб дар шарқи Афғонистон 12 фарди мусаллаҳ кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Синхуа”, Вазорати дифои Афғонистон рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, бар асари инфиҷори бомб дар вилояти Ғазнӣ, шарқи ин кишвар 12 фарди мусаллаҳ кушта ва 23 тани дигар низ захмӣ шуданд. Дар байни кушташудагон ҷасади чанд шаҳрванди хориҷӣ дида мешавад. Бар асоси ин гузориш, афроди мусаллаҳ машғули гузоштани бомб дар як муҷтамаъ дар ноҳияи Оббанди вилояти Ғазнӣ будаанд, ки бар асари инфиҷори он ин ҳодиса рӯйдод.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти амниятии вилояти Қандаҳори Афғонистон эълом карданд, пулиси Афғонистон як узви Толибонро, ки чанде пеш ҳашт нерӯи пулиси ин кишварро дар вилояти Урузгон ба қатл расонда буд, дар ноҳияи Нуҳуми Қандаҳор дастгир кард.

 

Барчасп