Иқдоми Ҳилларӣ Клинтон барои ташкили гурӯҳи зидди Доналд Трамп
(last modified Sat, 06 May 2017 13:12:29 GMT )
Май 06, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми Ҳилларӣ Клинтон барои ташкили гурӯҳи зидди Доналд Трамп

Номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико, гурӯҳе барои муқобила бо барномаҳои раисиҷумҳури ин кишвар ташкил меҳад.

Ба навиштаи торномаи хабарии Политико, Ҳилларӣ Клинтон -вазири пешини умури хориҷа ва номзади шикастхӯрдаи интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико, гурӯҳи сиёсиро барои таъмини молии созмонҳои, ки қасди муқовамат дар баробари барномаҳои Донплд Трпмп- раисиҷумҳури ин кишвар доранд, ташкил медиҳад.

Ҳилларӣ Клинтон дар ҳафтаҳои ахир дар шаҳрҳои Вашингтон ва Ню-Йорк бо афрод ва гурӯҳҳои мухталиф дидор кардааст, то ҳимояти молии ононро ҷалб кунад.

Вай қасд дорад, гурӯҳи мавриди назари худро «бо ҳам ба пеш» биномад ва ҳайати мудирае барои он истихдом кунад.

Ҳилларӣ Клинтон, ҳафтаи гузашта дар мусоҳиба бо шабака хабарии СНН гуфта буд, иқдом Пулиси федерали Амрико (ФБР) дар интишори эмелҳои давлатӣ ( раъйномаҳо) омили шикасти вай, дар интихоботи раёсатҷумҳури (8 ноябр 2016) будааст.