Декабр 15, 2020 16:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ҳилларӣ Клинтон ба барҳам додани
    Таъкиди Ҳилларӣ Клинтон ба барҳам додани "Электрол коллеҷ"

Номзади собиқи Ҳизби демократ дар интихоботи Амрико, ба барҳам додани "Электрол коллеҷ" таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, "Ҳилларӣ Клинтон " номзади демократи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016 Амрико, бори дигар хостори барҳам додани Электрол коллеҷ барои интихоби раиси ҷумҳурии ин кишвар шуд ва дар Твиттер эълом кард, раиси ҷумҳурии Амрико низ бояд ҳамонанди ҳар самти дигаре бо раъйҳои мардумӣ интихоб шавад.

Ҳилларӣ Клинтон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 Амрико , муваффақ ба касби орои мардумии болотар муқобили Доналд Трамп рақиби ҷумҳурихоҳ ва раиси ҷумҳурии феълии ин кишвар шуд, аммо ба далели орои " "Электрол коллеҷ"  муқобили рақиби интихоботии худ мутаҳаммили шикаст шуд. 

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, раиси ҷумҳур бо раъйи " Электрол коллеҷ" муташаккил аз аъзои маҷлиси намояндагон ва сенати ин кишвар ва на раъйи мустақими мардум интихоб мешавад.

Бештар бихонед:

Барчасп