Май 07, 2017 11:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса

Раъйгирии даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса, соати ҳашти субҳи имрӯз (якшанбе) ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, раъйдиҳандагони фаронсавӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар аз миёни ду номзади пирӯзи даври нахуст, яъне Эмануэл Макрон, номзади мустақил ва Марин Ле Пен, номзад ростгарои ифротии Ҳизби ҷабҳаи миллӣ, якеро бармегузинанд.

Бар асоси охирин назарсанҷиҳо, бештари фаронсавиҳо тамоюл доранд Макрон, номзади мустақили интихоботи раисиҷумҳури ояндаи Фаронса шавад.

Дар даври нахусти интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса, ки 23 апрел баргузор шуд, Макрон ва Ле Пен ба тартиб бо касб 24 ва 21 дарсади оро, ба даври дуввуми интихобот роҳ ёфтанд.

Тарси ҳамалоти террористӣ, тадобири амниятии интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронсаро ба болотарин сатҳ расондааст ва ҳудуди 50 ҳазор нерӯи пулис, артиш ва амният, 69 ҳазор ҳавзаи ахзи раъйро дар Фаронса таъмин мекунанд.

 

 

Барчасп