Забони арабӣ баъд аз 90 сол ба Туркия бозгашт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16808-Забони_арабӣ_баъд_аз_90_сол_ба_Туркия_бозгашт
Рӯзномаи “Замон” чопи Туркия навишт, забони арабӣ пас аз 90 сол ғайбат, дубора ҷойгоҳи шоистаи худро дар Туркия боз меёбад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 07, 2017 14:53 Asia/Dushanbe
  • Забони арабӣ баъд аз 90 сол ба Туркия бозгашт

Рӯзномаи “Замон” чопи Туркия навишт, забони арабӣ пас аз 90 сол ғайбат, дубора ҷойгоҳи шоистаи худро дар Туркия боз меёбад.

Ин рӯзномаи туркиёӣ афзудааст, шаҳрдори Истамбул ахиран забони арабиро ба плакатҳо (овезаҳо) ва тоблуҳои роҳнамо дар манотиқи гардишгарӣ изофа кардааст, ки ин иқдом барои ҷалби ризояти гардишгарони араб ва осонсозии хидматрасонӣ ба онҳо аст.

Ҳамчунин ба навиштаи ин рӯзнома, вазорати омӯзиши Туркия аз оғози соли таҳсилии 2016-2017, дарси забони арабиро ба барномаи дарсии донишомӯзони синфҳои дуввум, сеюм ва чаҳоруми ибтидоӣ изофа кардааст.

Ин вазоратхона таъкид кардааст, дарсҳои арабӣ ихтиёрӣ хоҳад буд ва танҳо касоне, ки моил бошанд, метавонанд ин воҳиди дарсиро бигузаронанд.  Омӯзиши забони арабӣ аз замони рӯи кор омадани Мустафо Камол Отатурк, бунёнгузори Туркияи ҷадид, дар соли 1923 лағв шуд.

Мустафо Камол Отатурк даврае аз ғарбгароӣ ва ниҳодина кардани дунявиро бо таътил кардани мадрасаҳои динӣ, лағви муҳокимаҳои шаръӣ ва ҷойгузин кардани ҳуруфи лотин бо ҳуруфи арабӣ дар навиштор, оғоз кард.

Ба навиштаи ин рӯзнома, забони туркӣ ҳдорои шаш ҳазору 459 луғати арабӣ аст.

Ҷомеаи Туркия мизбони беш аз чаҳор миллион араби муқим ва паноҳандааст.