Май 08, 2017 11:40 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Эммануэл Макрон ва шикасти рости ифротӣ дар интихоботи Фаронса

Эммануэл Макрон-номзади мустақил дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса бо шикаст додани Марин Ли Пен, номзади Ҷабҳаи Миллии ин кишвар ба унвони ҳаштумин раисиҷумҳури Фаронса интихоб шуд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Франс 24, Эммануэл Макрон бо касби 65.1 дарсади оро, тавонист пирӯзӣ ба даст овард.

Рақиби ӯ Марин Ли Пен 34.9 дарсади ороро касб кард.

Бо ин натиҷа, Макрон бо 39 сол син, ҷавонтарин раисиҷумҳур дар тӯли таърихи Фаронса маҳсуб мешавад.

Дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса, тақрибан тамоми аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсии Фаронса ба ҷуз чапгароёни родикал, ба нафъи Эммануэл Макрон ва алайҳи Ҳизб ростгарои ифротии Ҷабҳаи Миллӣ, муттаҳид шуданд.

Раисиҷумҳури мунтахаби Фаронса, дар нахустин суханронии худ баъд аз пирӯзӣ дар интихобот, дар ҷамъи ҳаводоронаш ваъда дод, дар даврони раёсатҷумҳуриаш аз манофеи кишвараш дар ҷаҳон дифоъ кунад.

Вай ҳамчин бар мубориза бо терроризм таъкид кард.

Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, Ангела Меркел –садри аъзами Олмон, Тереза Мэй, нахуствазири Англия ва Федерико Могерини-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, пирӯзии Эммануэл Макронро дар интихоботи Фаронса табрик гуфтанд.