Эъломи ҳукумати низомӣ дар шарқи Туркия
Давлати Туркия дар чанд минтақаи устони Диёрбакр, муқаррароти ҳукумати низомӣ эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, устондори Диёрбакр эълом кард, дар идомаи мубориза бо аъзои Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (П.К.К), дар 16 рустои шаҳристонҳои Бийҷа ва Ҳонӣ дар ин устон, аз бомдоди рӯзи душанбе то иттилои баъдӣ, муқаррароти ҳукумати низомӣ ба иҷро гузошта хоҳад шуд.
Бар асоси ин муқаррарот, ҳар гуна вуруд ва хурӯҷ дар ин 16 русто фақат бо муҷавизи расмии мақомат ва ниҳодҳои амниятӣ имконпазир хаҳад буд.
Дар чанд ҳафтаи гузашта, устони Диёрбакр шоҳиди инфиҷорҳои пайдар пай буда, ки даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷо гузоштааст.
Ҳизби коргарони Курдистони Туркия, масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда гирифтааст.