Таҳлилгари амрикоӣ: Алқоида ва ДИИШ дар хидмати Вашингтон ҳастанд
(last modified Mon, 08 May 2017 11:22:19 GMT )
Май 08, 2017 16:22 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгари амрикоӣ: Алқоида ва ДИИШ дар хидмати Вашингтон ҳастанд

Як таҳлилгари амрикоӣ гуфт: Вашингтон намехоҳад, Алқоида ДИИШ-ро шикаст диҳад, зеро онҳо дар хидмати султагарии Амрико ҳастанд.

Ба иттилои Presstv, Деннис Этлер, устоди Донишгоҳи Оптуси Калифорния рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи Presstv бо ишора ба барномарезии Амрико барои эъзоми дубораи нерӯ ба Афғонистон гуфт: Ҳадафи Амрико аз эъзоми нерӯ ба Афғонистон назорат бар заминҳои кишти хашхош ва тиҷорати героин ба манзури таъмини молии шабакаҳои террористии вобаста ба худ дар шимоли Африқо, Ховари Миёна ва ҷануби Осиё аст, зеро Ожонси иттилооти марказии CIA барои таъмини молии террористҳо дар хориҷ аз Амрико аз пули сиёҳ истифода мекунад .

Этлер дар посух ба ин суол, ки Амрико чигуна метавонад ҳомии террористҳо бошад, дар ҳоле, ки худ бо онҳо дар ҷанг аст, гуфт: Амрико мавқеияте эҷод кардааст, ки террористҳо ду манзура амал мекунанд ба тавре, ки онҳо илова бар бесубот кардани манотиқи роҳбурдии мавриди назари Вашингтон, роҳро барои мудохилаи низомии Амрико дар ин манотиқ ҳамвор месозанд .