Рижаи "Рӯзи пирӯзӣ" дар майдони сурхи Маскав
Маросими рижаи "Рӯзи пирӯзӣ" бо ҳузури Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар майдони сурхи Маскав баргузор шуд.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, дар ин маросим, ки ба муносибати бузургдошти ҳафтоду дуввумин солгарди пирӯзии Шӯравии собиқ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ баргузор шуд, пешрафтатарин ҷангафзорҳои Русия дар ҳузури Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар ба намоиш даромад .
Сомонаҳои мушакӣ бо бурдҳои мухталиф, танкаи Рмата ё ҳаюлои мутаҳаррик ба унвони тозатарин дастоварди санъати низомии ин кишвар барои набардҳои сангини заминӣ ва мошинҳои зиреҳӣ аз ҷумлаи ҷангафзорҳоест, ки дар ин маросим ба намоиш гузошта шуд.
Ҳамзамон осмони Маскав ва ҳамчунин бисёре аз шаҳрҳои дигари Русия шоҳиди қудратнамоии ҳавопаймоҳо ва болгардҳои низомии Русия буд .
Нуҳуми моҳи майи ҳар сол, рӯзи адои эҳтироми миллӣ ба 26 миллиону 600 ҳазор қаҳрамони ватан дар Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравист, ки барои берун рондани низомиёни Ҳитлерӣ аз наздикии шаҳри дар ҳоли суқути Маскав ҷонфишонӣ карданд .
Тибқи суннати ҳарсола, мақомҳои баландпояи сиёсӣ ва низомӣ, куҳнасарбозон ва нерӯҳои мардумии шарики ҷанг дар саросари Русия ва бисёре аз кишварҳои мустақили баромада аз фурупошии Шӯравӣ дар ин ойинҳо ширкат кардаанд .
Гиромидошти қурбониёни зану марди низомӣ ва ғайринизомӣ ва нерӯҳои довталаби мардумӣ дар ин ҷанг бо ҳамроҳ доштани тасовири онҳо ва ҳамчунин парчамҳои қирмизи досу чаккуши даврони Шӯравӣ аз ҷумлаи аслитарин ҷилваҳои ҳамроҳии мардум бо ин маросим аст .