Барканории мудири FBI, далелҳо ва паёмадҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16950-Барканории_мудири_fbi_далелҳо_ва_паёмадҳо
Саранҷом пас аз ҳафтаҳо ихтилоф миёни Кохи Сафед ва Идораи таҳқиқоти федерал (FBI), раиси ҷумҳурии Амрико, мудири ин ниҳоди муҳими иттилоотӣ ва амниятиро барканор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 10, 2017 10:00 Asia/Dushanbe
  • Барканории мудири FBI, далелҳо ва паёмадҳо

Саранҷом пас аз ҳафтаҳо ихтилоф миёни Кохи Сафед ва Идораи таҳқиқоти федерал (FBI), раиси ҷумҳурии Амрико, мудири ин ниҳоди муҳими иттилоотӣ ва амниятиро барканор кард.

Кохи Сафед рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба Ҷеймс Коми, мудири FBI иттилоъ дод, ки давраи мудирияти ӯ ба поён расидааст ва бояд аз ин симат канор биравад. Ин баёния ҳамчунин афзуд, Трамп бар асоси тавсияҳои возеҳи Ҷефф Сешнс додситони кул амал кардааст.

Барканории Коми аз риёсати FBI, яке дигар аз паёмадҳои интихоботи ҷанҷолии соли гузаштаи Амрико ва расвоии сиёсии иртиботи наздикони раиси ҷумҳурии ин кишвар бо русҳо ба шумор меояд. Коми аз як сӯ ба дахолат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба далели ифшои моҷарои имейлҳои Ҳиллари Клинтон, номзади демократҳо дар интихоботи соли гузаштаи Амрико муттаҳам аст ва аз сӯи дигар, дар конуни моҷарои равобити наздикони Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон бо русҳо қарор дорад. Ба ҳамин далели низ Кохи Сафед иллати барканории Комиро дурӯғгӯии вай дар моҷарои имейлҳои Клинтон унвон кардааст ва демократҳо далели ин барканориро хашми раиси ҷумҳурии Амрико аз идомаи парвандаи Трамп - Русия унвон кардаанд.

Албатта ба назар мерасад, ҳар ду иллат дар тасмими ногаҳонии Трамп барои барканории Коми нақш доштааст. Дар ҷараёни баргузории ҷаласа дар конгресс дар хусуси парвандаи дахолати Русия дар интихоботи соли гузаштаи Амрико, мушаххас шуд, ки Коми дар иртибот бо мавзӯи имейлҳои Ҳиллари Клинтон мутаноқиз сухан гуфтааст. Дар моҳҳои гузашта иттилооти мутаноқизе аз нақши Ҳумо Обидин, дастёри Ҳиллари Клинтон ва шавҳари Ҳумо Обидин, Антониё Винер, узви собиқи конгресси Амрико дар мавриди наҳваи истифода аз имейлҳои маҳрамонаи Ҳиллари Клинтон дар замони тасаддии вазорати умури хориҷаи Амрико матраҳ шудааст. Бахши умдаи ибҳомоти эҷодшуда, ба далели иттилорасониҳои мубҳам ва гунги FBI ва раиси он, Ҷеймс Коми будааст.

Бо ин ҳол, илова бар моҷарои ҷанҷоли имейлҳои Ҳиллари Клинтон, мудири FBI дар моҳҳои ахир даргири парвандаи муҳимтар ва ҳассостари дахолати Русия дар интихоботи ахири Амрико ва равобити пинҳони наздикони раиси ҷумҳурии ин кишвар бо авомили сиёсӣ ва иттилоотии русҳо будааст. Дар ҷаласаи ахири сено фош шуд, ки FBI аз моҳҳо қабл аз баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, рафтуомади наздикони Трамп, аз ҷумла Майкл Флинн ё ҳатто Ҷефф Сешнс, вазири додгустарии кунунӣ ва мақоми болотар аз FBI-ро зери назар доштааст. Амалиёти зиддиҷосусии FBI, саранҷом ба ифшои робитаи пинҳони Майкл Флинн анҷомид, ки муҷиби барканории мушовири амнияти миллии Доналд Трамп шуд.

Дар ҳоли ҳозир, Кохи Сафед ва шахси Доналд Трамп, FBI ва раиси он, Ҷеймс Комиро масъули мустақими парвандаи ҷанҷолии дахолати Русия дар интихоботи гузаштаи Амрико медонанд. Трамп борҳо робитаи наздиконаш бо русҳоро рад карда ва онро тавтиае аз ҷониби шикастхӯрдагони интихоботи ноябри 2016 унвон кардааст. Дар ин росто, барканории мудири FBI, фарди мансубшуда аз сӯи Барак Обама, раиси ҷумҳурии демократи вақти Амрико, чандон дур аз интизор набудааст.

 Бо ин ҳол, абъоди барканории мудири FBI ба гунае аст, ки эҳтимолан бар ҷанҷолҳои ношӣ аз ду парвандаи имейлҳои Клинтон ва равобити наздикони Трамп бо русҳо хоҳад афзуд. То кунун ду мақоми аршади амнияти давлати Амрико, яъне Майкл Флинн ва Ҷеймс Коми бар сари ин парвандаҳо аз кор барканор шудаанд. Аммо ин, ки қурбониёни интихоботи ҷанҷолии 2016 фақат ба ин ду тан маҳдуд бимонад, ҷои тардид дорад.