Май 11, 2017 13:20 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Русия акси ҷанҷолии Трампро нашр кард

Сафорати Русия дар Вашингтон дар Твиттери худ аксе аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳоли даст додан бо Сергей Киселёв, сафири Русияро мунташир кард.

Ба гузориши шабакаи “Алолам, Сергей Киселёв, сафири Русия дар дидори Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия бо Доналд Трамп дар дафтари байзои Кохи Сафед вайро ҳамроҳӣ мекард.

 Ба тозагӣ номи Киселёв дар расонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба унвони “омили нуфузи Русия” матраҳ шудааст.

Аз сӯйи дигар, бино бар ахбори мунташиршуда, Майкл Флинн, мушовири амнияти миллии Трамп пас аз ин ки ба таври комил дар хусуси муҳтавои гуфтугӯи худ бо Киселёв сухан нагуфт, ба ночор аз Кохи Сафед истеъфо дод.

Бархе расонаҳои гурӯҳӣ низ Киселёв, сафири Русия дар Амрикоро ба унвони “маъмури иттилоотӣ” ё ҷосус номидаанд.

 Ин амр натанҳо хашми Вазорати умури хориҷаи Русияро барангехт, ҳатто дар миёни дипломатҳои амрикоӣ низ баҳсбарангез шуд.

 

Барчасп