Май 12, 2017 18:52 Asia/Dushanbe
  • Барканории вазири беҳдошти Венесуэла ба далели ифшогарӣ

Раисҷумҳури Венесуэла дар пайи ифшои ахбори ҳушдордиҳанда дар бораи маргумири навзодону модарони бордор вазири тандурустии ин кишварро барканор кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла рӯзи панҷшанбе Антонита Капоралес, вазири тандурустии ин кишварро барканор ва Луиз Лепез Чеҷадеро ба унвони вазири ҷадид муаррифӣ кард. Ин тасмим замоне гирифта шуд, ки Вазорати беҳдошти Венесуэла эълом кард, маргумири навзодон дар солҳои 2015-2016 30,12 дарсад афзоиш доштааст. Ин омор дар соли 2015 марги ҳашт ҳазору 812 навзод ва дар соли 2016 марги ёздаҳ ҳазору 466 навзоди то яксоларо нишон медиҳад. Ҳамин гузориш аз афзоиши 65-дарсадии маргумири модарон дар даврони бордорӣ ё замони зоймон дар соли 2016 хабар медиҳад, ки марги 756 зан дар ин сол дар Венесуэла ба сабт расидааст.

Венесуэла дар моҳҳои ахир саҳнаи тазоҳуроти зиддиҳукуматии мардуми ин кишвар дар эътироз ба авзои иқтисодӣ ва маишӣ аст. Давлати Каракас ин эътирозҳоро сомондиҳишуда аз берун медонад.

 

Барчасп