Май 14, 2017 11:26 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамоиши байналмилалии “Роҳи Абрешими ҷадид” дар Чин

Ҳамоиши ҳамкории байналмилалии “Роҳи Абрешими ҷадид”, мавсум ба «як камарбанд - як ҷода» бо суханони Сӣ Ҷинпин-раисиҷумҳури Чин дар Пекин, оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Сӣ Ҷинпин-раиси ҷумҳури Чин, рӯзи якшанбе дар маросими кушоиши ин ҳамоиш, аз Роҳи Абрешими бостонӣ ба унвони мероси арзишманди башар ном бурд, ки дар рӯҳи он ҳамкорӣ, сулҳ, озодӣ, фарогирӣ, омӯзиши мутақобил ва манофеи муштарак нуҳуфтааст.

Вай гуфт, тавсеаи иқтисодии ҷаҳон ниёзманди нерӯи муҳаррики ҷадид ва манофеи фарогир ва баробар аст ва фосила байни табақоти пурдаромад ва камдаромад бояд коҳиш ёбад.

Раисиҷумҳури Чин ҳамчунин эълом кард, дар чаҳор соли гузашта пас аз матраҳ шудани пешниҳоди «эҳёи Роҳи Абрешими навин» дар чорчӯби тарҳи «як камарбанд - як ҷода», беш аз 100 кишвар пуштибонии худро аз он эълом карда ва ё дар фаъолитҳои муртабит бо он ширкат кардаанд.

Дар ҳамоиши дурӯзаи ҳамкории байналмилалии Роҳи Абрешим, наздик ба якҳзору 200 нафар аз сарон, пажӯҳишгарон ва масъулони беш аз 100 кишвар ва минтақа ва ҳамчунин намояндагони беш аз 60 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, раиси Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳамчунин раиси Сандуқи байналмилалии пул ҳузур доранд.

Аз Эрон низ Алии Тайбниё -вазири умури иқтисодӣ ва дороӣ дар ин ҳамоиш ҳузур дорад.