Май 16, 2017 14:45 Asia/Dushanbe
  • Русия иттиҳоми мушорикат дар ҳамалоти киберии ахирро рад кард

Раисҷумҳури Русия гуфт: Маскав бо ҳамлаи киберии боҷафзор ҳеч иртиботе надорад.

Ба иттилои Presstv, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Пекин, пойтахти Чин ба хабарнигорон гуфт: Ширкати Майкрософт батаври шаффоф эълом кардааст, вируси  боҷафзор аз сӯи ожонсҳои иттилоотии Амрико будааст .

Путин таъкид кард: Русия соли гузашта аз Амрико хост, то дар музокирот дар бораи муқобила бо таҳдидоти киберӣ ширкат кунад, аммо муттаассифона Вашингтон ба ин пешниҳод таваҷҷуҳе накард .

Рӯзи ҷумъа садҳо ҳазор роёна дар саросари ҷаҳон ҳадафи ҳамлаи киберӣ қарор гирифт.

Тавлидкунандагони боҷафзори WannaCry, аз моликони роёнаҳое, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, 300 доллар боҷ мехоҳанд, то имкони дастрасии ононро ба роёнаҳояшон фароҳам кунанд .

Тавлидкунандагони боҷафзор ҳамчунин ҳушдор додаанд, пас аз се рӯз, маблағи боҷро ду баробар хоҳанд кард ва пас аз ҳафт рӯз низ иттилоот дар роёнаҳоро нобуд мекунанд.

 

Барчасп