Май 16, 2017 16:02 Asia/Dushanbe
  • Боздошти гулениҳо дар Туркия идома дорад

Додситони Туркия дар идомаи раванди боздоштҳо дар ин кишвар ҳукми боздошти 85 корманди вазоратҳои омӯзишу энержиро ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гулен содир кард.

Ба гузориши “Рейтерз”, додситони Туркия дар идомаи таҳқиқоти марбут ба кудатои низомии 15 июли соли гузашта дастури боздошти 85 нафар аз аъзои ин вазоратҳоро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Фатҳуллоҳ Гулен содир кард.

Гулен аз сӯйи Анкара борҳо ба дахолат дар ин кудато муттаҳам шуда, аммо онро рад кардааст. Давлати Анкара ба дунболи кудатои 15 июл беш аз 140 ҳазор нафарро аз дастгоҳҳои давлат поксозӣ, садҳо ширкатро мусодира ва 15 донишгоҳи хайриявӣ ва ҳазорон муассисаи омӯзиширо таътил кардааст.

Боздоштҳои ахир пас аз раъйи ниҳоии додгоҳи Туркия мабнӣ бар боздошт Огуз Гувен, сардабири пойгоҳи интернетии рӯзномаи мухолифи “Ҷумҳурият” ба иттиҳоми таблиғот барои як созмони террористӣ анҷом гирифтааст. Иллати боздошти Огуз Гувен, матлабе аст, ки ӯ дар робита бо кушта шудани масъули пайгардҳои додгоҳи гумонбарони табаддулоти нофарҷоми Туркия мунташир карда буд.

 

Барчасп