Май 21, 2017 08:54 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди як солаи эътибори шаҳодатномаи ронандагии коргарони муҳоҷири ҳориҷӣ дар Русия

Маҷлиси намояндагони Русия (Думои давлати), муддати эътибори гувоҳиномаи ронандагии коргарони муҳоҷири ҳориҷӣ дар ин кишварро, ба муддати 1 соли дигар тамдид кард.

Ба гузориши сойти хабаргузории русии ТАСС, пас аз кашмакишҳои зиёд бар сар мавзуъи мамнуияти фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахши ҳамлу нақли умумии Русия, ахиран маҷлиси Думо эътибори гувоҳиномаи ронандагии ин афродро барои 1 соли дигар тамдид кард.

Ба пешниҳоди Евгений Москвичев ва Вячеслав Лисиков ду намоядаи маҷлиси Думаи Русия аз Ҳизби “Русияи воҳид”, акнун муддати эътибори гувоҳиномаи ронандагии коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахши ҳамлу нақли умумии ин кишвар барои 1 сол дигар, то аввали июни соли 2018 тамдид шуд. Қаблан теъдоде аз намояндагони маҷлиси Думаи Русия, хостори ботил кардани эътибори гувоҳиномаи миллии ронандагони хориҷии фаъол дар бахши ҳамлу нақли умумии ин кишвар шуда буданд, ки бо мухолифати ширкатҳои ҳамлу нақл рӯ барӯ гардид.

Аммо дар авоили тобистони соли 2018 ин афрод, муваззаф ба ширкат дар озмуни ронандагӣ ва таъвизи гувоҳиномаи миллии ронандагии хеш ба мадорики русӣ шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони ронандагони автобусҳои дохили шаҳрӣ ва байни шаҳрӣ, таксӣ ва автобусҳои барқӣ дар Маскав, Санкт-Петербург ва дигар марокизи вилоятҳои Русия фаъолият мекунанд.