Боз мондани севу ним миллион кӯдаки афғон аз таҳсил
Севу ним миллион кӯдаки афғон ба далели ноамнӣ аз таҳсил бозмондаанд.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, муовини вазири омӯзиш ва парвариши Афғонистон аз маҳрумияти се миллиону панҷсад ҳазор кӯдаки афғон аз таҳсил ба далели мушкилоти амниятӣ хабар дод.
Муҳаммад Иброҳими Шинварӣ, муовини омӯзишҳои умумии Вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон гуфт: Аз маҷмуи севу ним миллион кӯдаки бозмонда аз таҳсил, ду миллиону панҷсади ҳазор нафар духтар ҳастанд .
Муовини Вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон поин будани сатҳи кайфии омӯзиш дар ин кишварро аз дигар мушкилоти Афғонистон донисту афзуд: Панҷоҳ дарсад аз маҷмуи 200 ҳазор муаллими афғон барои тадрис, тахассуси лозим надоранд .
Дар ҳамин ҳол, Раҳим Ҷомӣ, раиси Ҷунбиши пуштибонӣ аз таълиму тарбияти бокайфияти Афғонистон гуфт: Аз миёни 9 миллиону дусад ҳазор донишомӯзи афғон, ки дар ҳоли таҳсил ҳастанд, фақат ҳажда дарсад метавонанд то класси давоздаҳум дарс бихонанд ва 82 дарсади дигар ба далели чолишҳои амниятӣ, фақру поин будани сатҳи огоҳии хонаводаҳо аз идомаи таҳсили боз мемонанд .