Август 08, 2016 17:58 Asia/Dushanbe

Бар асари инфиҷори террористии субҳи имруз дар бемористоне дар маркази иёлати Балучистони Покистон, 64 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Ба гузориши ИРНА, субҳи имрӯз (душанбе) афроди мусаллаҳи ношинос, раиси Конуни вакилони иёлати Балучистони Покистон ба номи Билол Касиро дар шаҳри Кветта террор карданд.

Пас аз интиқоли Касӣ ба бемористони ин шаҳр, ҳангоме, ки шумори зиёде аз вакилони Кветта дар бемористон таҷаммуъ карда буданд, як террористи интиҳорӣ худро миёни таҷаммуъкунандагон мунфаҷир кард.

Шумори зиёде вакил ва ду хабарнигор миёни кушташудагон ҳастанд ва ҳоли бисёре аз захмиҳо низ вахим гузориш шудааст.

Дар пайи ин инфиҷори террористӣ, вакилони Кветта эълом карданд ба нишонаи азо, се рӯз аз рафтан ба сари кор худдорӣ  мекунанд.

Конуни вакилони Покистон ҳамчунин давлати Исломободро ба нотавонӣ дар муқобила бо ҳамалоти Толибон ва барқарории сулҳу суботи ин кишвар муттаҳам ва эълом кард, давлат бояд барои барқарории амният талош кунад.

Токунун фард ё гуруҳе масъулияти ин ду ҳамлаи террористиро ба ӯҳда нагирифтаанд.