Таҳаввулоти Яман
https://parstoday.ir/tg/news/world-i1771-Таҳаввулоти_Яман
Бо шикасти музокироти сулҳи Яман дар Кувейт ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ борҳо манотиқи мухталифи Яманро ҳадаф қарор доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 08, 2016 14:01 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Яман

Бо шикасти музокироти сулҳи Яман дар Кувейт ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ борҳо манотиқи мухталифи Яманро ҳадаф қарор доданд.

Музокироти сулҳ байни ҳайати Абдурраб Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ва ҳайати миллии Яман рӯзи шанбе бидуни ҳеҷ натиҷа дар Кувейт поён ёфт. Ба дунболи он Абдулмалик Махлофӣ, раиси гурӯҳи Риёз бар роҳҳали низомӣ таъкид кард.

Яманиҳо бо маҳкум кардани ҳамалоти саудиҳо ба таъсисоти зербиноии кишварашон, бавижа масоҷид ба идомаи муқовимат то пирӯзӣ дар муқобили Арабистон таъкид карданд. Ҳайати миллии Яман муташаккил аз "Ансор-ул-лоҳ", Ҳизби конгресс ва гурӯҳҳои ҳамсӯи ин кишвар бо ирсоли номае ба Созмони Милал хостори ҷуброни иштибоҳоти ин созмон дар музокироти гузашта, бахусус дар музокироти сулҳи Кувейт шуд. Ҳайати миллии Яман дар ин нома ба зарурати пайбандии Созмони Милал дар иттихози мавзеъҳои бетарафона ва мустақил ва канор гузоштани роҳҳалҳои яктарафа таъкид кард. Ҳайати миллии Яман ҳамчунин аз Созмони Милал хост, дар масири музокирот вақткашӣ накунад ва ба куштори бераҳмонаи мардуми Яман ба василаи душмани мутаҷовизи Саудӣ сарпӯш нагузорад. Ин ҳайат аз Созмони Милал дархост кард, асосу пояи ҳар гуна музокироти ҷадид ба таври ошкор бар иттихози роҳҳалли ҳамаҷонибаву комил ва доим устувор бошад.

Бо шикасти музокироти Кувейт Ҷунбиши "Ансор-ул-лоҳ", Ҳизби конгресси мардумии Яман ва ҳампаймононаш рӯзи шанбе, шашуми август дар нишасте дар Санъо, пойтахти Яман ташкили Шӯрои олии сиёсиро барои идораи умури Яман эълом карданд.

Шӯрои олии сиёсии Яман 10 узв дорад, ки "Ансор-ул-лоҳ" ва Ҳизби конгресси мардумии Яман дар он 5 узв хоҳанд дошт. Солеҳ Самод, ба унвони раис ва Қосим Буза низ ба унвони ноиби раиси Шӯрои олии сиёсии Яман баргузида шуданд.

Музокироти Кувейт дар бораи буҳрони Яман аз 21 апрели гузашта оғоз шуд ва рӯзи шашуми август бо эъломи Исмоил валади аш-Шайх Аҳмад, намояндаи дабири кулли Созмони Милал дар умури Яман расман ба таълиқ даромад. Дар чунин шароит Муҳаммадалӣ Ҳавсӣ, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман дар суханронияш гуфт, Амрико тамоюле ба ҳаллу фасли буҳрони Яман надорад ва хотирнишон кард, ки амрикоиҳо хоҳони поёни буҳрони Яман нестанд. Ӯ изҳор дошт, Амрико дар масири ҳаллу фасли буҳрони Яман коршиканӣ мекунад ва ин кишвар ба дунболи ба зонӯ даровардани мардуми Яман аст.

Ҳавсӣ бо ишора ба ташкили Шӯрои олии сиёсӣ дар Яман гуфт, ин шӯро бояд ба шӯрои раёсатӣ табдил шавад ва тамоми аҳзоб дар он мушорикат дошта бошанд. Ӯ тасреҳ кард, кишварҳое, ки дар эътилофи таҷовузи низомӣ ба Яман бо саркардагии Арабистон мушорикат доранд, масъули нобудии зерсохтҳои ин кишвар ҳастанд.

Дастёри вижаи раиси парлумони Эрон дар умури байналмилалӣ низ гуфт, Риёз масъули шикасти музокироти сиёсӣ ва куштори мардуми Яман аст. Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилалӣ афзуд, Арабистони Саудӣ бо ташвиқи Мансур Ҳодӣ ба истеъфо дар сиёсати Яман бедавлатиро калид зад ва акнун низ дар идомаи иштибоҳоти худ сиёсати эҷоду ташдиди ҷанги дохилиро дар Яман дар дастури кор қарор додааст. Ӯ бо баёни ин ки Арабистон дар ботлоқи Яман гирифтор шуда, бо тадовуми равишҳои нокоромади амниятӣ ва низомӣ қодир ба наҷоти худ нест, тасреҳ кард, Арабистон иҷоза намедиҳад, ки Созмони Милал ба вазоифи худ дар қиболи ҳуқуқи аввалияи мардуми Яман амал кунад ва албатта, Амрико низ сукут ва ҳамроҳӣ мекунад.

Дастёри вижаи раиси парлумони Эрон дар умури байналмилалӣ таъкид кард, роҳкор дар Яман сирфан сиёсӣ аст ва дар оянда ин кишвар мутааллиқ ба ҳамаи гурӯҳҳо, аҳзоб ва мардуми Яман аст.