Август 08, 2016 19:52 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Русия ба маҳрумият аз ҳузур дар Бозиҳои Паралимпӣ

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, маҳрумияти ин кишвар аз ҳузур дар рақобатҳои Паралимпии 2016 Бразилияро маҳкум кард.

Ба гузориши рузномаи русии Известия, Мария Захарова, рӯзи душанбе гуфт, маҳрум кардани варзишкорони Паралимпии Русия аз ҳузур дар рақобатҳои " Рио-де-Жанейр" ҳайратовар аст ва хиёнат ба ормонҳо ва меъёрҳои олии ҳуқуқи инсонҳо ба унвони поя ва асоси усули байналмиллалӣ ба шумор меравад.

Вай афзуд, варзишкорони Паралимпиӣ, маълулон нестанд, ки барои фирор аз бечорагӣ ба варзиш рӯй оварда бошанд, балки бо талошҳои худ собит мекунанд, мушкиле бидуни роҳи ҳал вуҷуд надорад.

Philip Craven-раиси Кумитаи байналмилалии Паралимпӣ шомгоҳи якшанбе эълом кард, ки варзишкорони Паралимпии Русия ба далели истифода аз доруҳои нерӯзо, аз ҳузур дар мусобиқоти 2016 ба сурати комил маҳрум шуданд.

Виталий Мутко-Вазири варзиши Русия низ дар вокуниш ба ин ҳукм эълом кард, ки шикоят алайҳи маҳрумияти варзишкорони Паралимпии ин кишварро ба Додгоҳи доварии байналмилалии варзишӣ ироа хоҳад кард.

Русия афзун бар маҳрумияти комили Паралимпӣ, дар бозиҳои дар ҳоли баргузории Рио-де-Жанейр ҳам чандин варзишкори худро ба далели допингии буни онон ҳамроҳ надорад.