Май 27, 2017 15:12 Asia/Dushanbe
  • Имзои 12 санад дар нишасти нахуствазирон кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд

12 санад дар нишасти нахуствазирони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (Commonwealth of nations), дар Қазони Русия ба имзо расид.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти нахуствазирони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, асри рӯзи гузашта дар Қазони Русия баргузор шуд.

Қазон яке аз бузургтарин шаҳрҳои мусулмоннишин Русия аст.

Барномаи иқдомоти аввалия барои таҳаққуқи стратегияи таъмини амнияти ҳамлу нақл дар кишварҳои муштаракулманофеъ дар солҳои 2017-2019, таъйини ҳуқуқ ва мазоёи аъзо, тавофуқномаи ҳамкории ин кишварҳо дар омода кардан ва иртиқои тавоноиҳои мутахассисон дар ҳавзаи меъморӣ ва тавофуқномаи ҳамкории муқобила бо тавлид ва тавзеъи колоҳои тақаллубӣ, аз ҷумлаи ин аснод башумор меравад.

Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ пас аз фурӯпоши Шӯравӣ шакл гирифт.

Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991, дар Алмаато тавассути сарони ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.