Нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурҳои Эрон, Русия ва Озарбойҷон. Нигоҳе ба ҳадафҳои раҳбурдӣ
(last modified Mon, 08 Aug 2016 15:46:29 GMT )
Август 08, 2016 20:46 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурҳои Эрон, Русия ва Озарбойҷон. Нигоҳе ба ҳадафҳои раҳбурдӣ

Сафари доктор Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Боку бо нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурҳои Эрон, Русия ва Озарбойҷон, ки имрӯз баргузор мешавад, ба нуқтаи атфе дар равобити чандҷонибаи минтақаӣ табдил мешавад.

 

Нишасти сеҷонибаи Эрон, Русия ва Озарбойҷон нахустин нишаст аз навъи худ маҳсуб мешавад, ки аз дидгоҳи тавсеаи равобити роҳбурдӣ, дар ҳавзаи Хазар ва ҳамчунин дар минтақаи Қафқоз дорои аҳамияти стратегӣ аст. Мавзӯъҳое, ки дар дастури кори ин нишаст қарор гирифтаанд, аз дидгоҳи кланҳо, вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва баррасии тавсеаи Коридори шимолу ҷануб аст.

Мувофиқатҳои Коридори ҳамлу нақли байналмилалии шимол - ҷануб собиқаи беш як даҳсола дорад. Бар асоси тавофуқномае, ки дар соли 2000 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба имзои вузарои ҳамлу нақли се кишвар Эрон, Ҳинд ва Русия расид, коридори мавсум ба шимол – ҷануб мавҷудияти худро эълом кард. Ин кордидор иртиботи транзитии кишварҳои шимоли Урупо ва Русияро аз тариқи Эрон ва баҳри Хазар ба кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ҳинд, Халиҷи Форс ва ҷануби Осиё барқарор месозад. Русия, Озарбойҷон ва Эрон акнун ба дунболи суръат бахшидан ба такмили Коридори ҳамлу нақли шимол - ҷануб ҳастанд, ки бо амалӣ шудани он бахши ғарбии баҳри Хазар аз тариқи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Эрон пайваст мешавад. Ин тарҳ замони ҳамлу нақли киштиҳоро ба 1,3 баробар ва ҳазинаҳоро то 20 дарсад коҳиш медиҳад. Эрону Озарбойҷон тавофуқ кардаанд, ба шакли "панҷоҳ дар панҷоҳ" дар ин замина сармоягузорӣ кунанд.

Ин мушорикат дар такмили аҳдофи Каридори транзитии шимол - ҷануб нақши муассир хоҳад дошт, бавижа он ки бо такмили тарҳи роҳи оҳани Қазвин – Рашт - Астара ва иттисоли он ба шабакаи хутути роҳи оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон ин ҳалқаи иртиботи роҳи оҳан комил хоҳад шуд. Амну субот, бозори бузурги иқтисодии Эрон ва дастрасӣ ба обҳои озоди байналмилалӣ дар баҳри Уммон ва Халиҷи Форс аз имкониятҳое аст, ки бистари муносиберо барои табдил шудани Эрон ба маркази аслӣ ва ҳалқаи васли транзитӣ дар минтақа фароҳам сохтааст.

Мувофиқатномаҳои сеҷониба пеш аз ин низ миёни Эрон, Туркманистон, Қазоқистон барои тавсеаи роҳи оҳани шарқи Хазар ва ҳамчунин байни Эрону Ҳинд ва Афғонистон барои тавсеаи бандари Чобаҳор шакл гирифтааст. Акнун ҳамкории сеҷонибаи Эрон, Русия ва Озарбойҷон барои тавсеаи масири транзитии шимол - ҷануб гоми тозае аст, ки ҷиҳати тақвияти ҳамгироӣ ва ҳамафзоии иқтисодии чандҷониба дар минтақа бардошта мешавад. Аз ин рӯ, сафари раисҷумҳури Эрон ба Боку ва иҷлоси сеҷонибаи сарони Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фурсати таърихие аст, ки метавонад зимни пешбурди тарҳҳои колои транзитии минтақа ба тақвияти ҳамгироиҳои чандҷониба дар масоили дигаре чун ҳифзи муҳити зист, мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои дастаҷамъӣ низ таъсгузор бошад. Бавижа он ки раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин сафар дидори дуҷониба низ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хоҳад дошт, то дар бораи масоили мавриди алоқа ва ҳамкориҳои Теҳрону Маскав гуфтугӯ кунад.

Ба таъбири раисҷумҳури Эрон, ҳукумати ёздаҳум сиёсати бурд - бурдро натанҳо дар музокироти ҳастаӣ, балки дар равобити худ бо соири кишварҳо ба кор гирифтааст. Рӯҳонӣ дирӯз дар Боку гуфт, ҳукумати ёздаҳум ба ҷуз кишварҳо ва қудратҳое, ки қасди душманӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро доранд, хоҳони барқарор кардани равобити ҳасана бо ҳамаи кишварҳои дунёст ва ин ҳусни равобит ба нафъи амният, суботу тавсеаи кишварҳои минтақа аст.