Ҳалокати саршиностарин саркардаи Алқоида дар Либия
Абуталҳа, саршиностарин саркардаи гурӯҳи террористии Алқоида дар Либия бо ҳамлаи ҳавоии Миср ба ҳалокат расид.
Ба иттилои пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, сайтҳои интернетии вобаста ба Алқоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ эълом карданд, ки Абдулманъам Солим, мулаққаб ба Абуталҳа, саршиностарин саркардаи нерӯҳои Алқоида дар Либия бо ҳамлаи ҷангандаҳои мисрӣ ба ҳалокат расид.
Хабаргузории Либия Вол низ хабари ҳалокати Абуталҳа ва чаҳор нафар аз ҳамдастонашро тайид кардааст .
Бино бар эъломи хабаргузории Спутник, ҷангандаҳои мисрӣ ба мавозеи Алқоида дар минтақаи Алфатоеҳи шаҳри Дерна дар шарқи Либия ҳамла карданд .
Сайтҳои интернетии вобаста ба Алқоида эълом карданд, Абуталҳа яке аз зиндониёни зиндони Абусалим ва яке аз омилони инфиҷори террористии Алқуба буд .
Зиндони Абусалим дар Триполи, пойтахти Либия қарор дорад .
Инфиҷорҳои террористии шаҳри Алқуба дар шарқи Либия рӯзи 20 феврали 2015 ҳудуди 127 куштаву захмӣ барҷой гузошт .