Кишваре, ки мусулмононаш 23 соат рӯзадорӣ мекунанд
Дар ҳоле, ки рӯзадорӣ дар манотиқи мухталифи кураи замин муддати мутафовите дорад, мусулмонон дар шимоли Финляндия, 23 соату 5 дақиқа дар шабона рӯз, рӯзадорӣ мекунанд.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алолам, дар бархе аз манотиқи кураи замин муддати рӯзадорӣ, бисёр тӯлонӣ аст ва ба унвони мисол дар Қутби Шимол, офтоб ба сурати 24 соата метобад.
Дар яке аз манотиқи шимоли Финляндия, шаб танҳо 55 дақиқа ба тӯл меанҷомад ва ба ин тартиб, мусулмонони ин минтақа, бояд 23 соату 5 дақиқа рӯза бигиранд.
Мусулмонони кишварҳои мантиқаи Скандинавия, тӯлонитарин рӯзаро дар миёни соири кишварҳои ҷаҳон мегиранд.
Дар Норвегия, мусулмонон, 19 соату 8 дақиқа рӯза мегиранд ва дар Исландия, муддати рӯза ба 21 соат мерасад.
Дар ин миён, мусулмонони бархе аз ин кишварҳо, ба ҷои истинод ба азони субҳ то азони мағриб, ба муддати рӯза гирифтан дар наздиктарин кишвари исломӣ ба кишварашон истинод мекунанд ва масалан кишварҳое, ки ба Туркия наздиктаранд, ба андозаи муддати рӯзаи ин кишвар рӯза мегиранд.
Ин дар ҳоле аст, ки Худованд дар Қуръони карим, ба сароҳат дар ояи 187 сураи “Бақара”, муддати рӯзаро аз тулӯи сафеда то ғуруби офтод мушаххас кардааст.