Май 30, 2017 14:42 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди тарҳи мамнуияти ҳамли ноутбук дар ҳамаи парвозҳо ба Амрико

Амрико мамнуиятҳои ҷадидеро дар ҳамаи парвозҳои байналмилалии вурудӣ ва хуруҷӣ ба ин кишвар эъмол мекунад.

Мамнуияти мазкур шомили ҳамли ноутбук (лаптоп) ба дохили ҳавопаймо аст. Дар ин замина Ҷон оф Келли, вазири амнияти дохилии Амрико рӯзи якшанбе эълом кард, ки тарҳи мамнуияти ҳамли ноутбук аз сӯйи мусофирони тамоми парвозҳои байналмилалӣ аз Амрико ва мунтаҳӣ ба Амрикоро ироа додааст.

Ба гуфтаи вай, мамнуияте, ки дар марти 2017 ки рӯзона шомили 50 парвоз аз 10 шаҳри ғолибан аз Ховари миёна оғоз шуд, афзоиш меёбад. Ба гуфтаи Келли, ин тарҳ дар ростои афзоиши амнияти ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ барои мувоҷиҳа бо як таҳдиди воқеан печида аст. Тарҳи Ҷон Келли дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар буҷети соли 2018-и давлати федералии Амрико ҳазинаҳои амниятии фурӯдгоҳҳо ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст.

Эъмоли маҳдудияти ҷадид дар замининаи ҳамли ноутбук дар ҳавопаймои мусофирбарӣ ба мақсади Амрико ва  аз Амрико дар воқеъ дар ростои густариши маҳдудиятҳое аст, ки қаблан аз сӯйи давлати федералии Амрико вазъ шудааст.

Давлати Амрико аз 21-уми марти соли 2017 ворид кардани дастгоҳҳои электронии бузургтар аз мубойли ҳушманди маъмулӣ ба дохили ҳавопаймоҳо ба мақсади Амрико аз ҳашт кишвари исломӣ (Урдун, Миср, Туркия, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Мағриб, Қатар ва Аморот)-ро мамнуъ эълом кард.

Эъмоли ин маҳдудиятҳо барои мусофироне ки аз ин кишварҳо вориди Амрико мешаванд, дар воқеъ дар ростои сиёсати ташдиди фишорҳо ва маҳдудиятҳо алайҳи мусалмонон ба манзури боздоштани онон аз сафар ва ё иқомат дар Амрико сурат гирифт. Баҳонаи ин иқдом ба монанди иқдомоти қаблӣ дар ин замина, муқобила бо таҳдидоти террористӣ буд.

Бо ин ҳол бо иҷро шудани тарҳи мадди назари вазири амнияти дохилии Амрико, интизор меравад, ки мизони мусофират ба Амрико бо коҳиши қобили таваҷҷуҳе мувоҷеҳ шавад. Дар воқеъ афзоиши сахтгириҳо барои сафар ба Амрико боис шуда ки афроди камтаре барои сафар ба ин кишвар рағбат пайдо кунанд. Ниҳоят ин ки тибқи оморе ки тавассути Вазорати  умури хориҷаи Амрико мунташир шуда, судури визои ғайримуҳоҷиратии Амрико барои ҳудуди панҷоҳ кишвари ағлаб мусалмон‌нишин дар моҳи апрели соли 2017 нисбат ба миёнгини он дар соли 2016 ҳудуди бист дарсад коҳиш ёфтааст. Коҳиши мизони судури визо дар моҳҳои ахир бо сиёсати сахтгиронаи Трамп дар эҷоди маҳдудият барои муҳоҷират ба Амрико ба баҳонаи ҳифзи амнияти миллӣ ҳамзамон будааст. Бо ин ҳол эъмоли маҳдудиятҳои ҷадид дар ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ҳамчунон аз мавориди аслӣ дар дастури кори давлати Трамп ва Вазорати амнияти дохилии Амрико аст.

Мақомоти амниятии Амрико иддао мекунанд, ки террористҳо парвозҳои тиҷорӣ ва мусофиратиро ба унвони аҳдофи аслии ҳамалоти террористии худ дар назар доранду ба дунболи шеваҳои ибдоӣ барои иҷрои ин гуна амалиёт ҳастанд.

Ин ҳама тарҳи ҷадиди Вазорати амнияти дохилӣ худ ба худ муҷиби афзоиши ҳарос аз мусофиратҳои ҳавоӣ ба мақсади Амрико, ҳатто дар кишварҳои ғарбӣ хоҳад шуд. Бо тавваҷуҳ ба ин ки ин гуна иқдомот, яъне мамнуияти ҳамли васоили электронии бузургтар аз мубойл нахустин бор алайҳи мусофирони озими Амрико аз 8 кишвари исломӣ ба иҷро даромад, дар воқеъ ин кор ба масобеҳи муҷозоти ҷамъии мусалмонону бархӯрд бо ҳамаи мусалмонон ба унвони муттаҳамони террористӣ аст, ки ин масъала ошкоро хилофи асли адолат, инсоф ва ба маънои рафтори табъизомез дар қиболи онҳост.

Дар воқеъ давлати ҷумҳурихоҳи Амрико дар пайи мамнуияти вуруди мусалмонон ба Амрикост. Трамп тайи таблиғоти интихоботии худ дар соли 2016 хостори ин шуда буд, ки аз вуруди тамоми мусалмонон ба Амрико ҷилавгирӣ шавад, суханоне ки баъдҳо дар Додгоҳи федералӣ алайҳи худ ва дар таъхири фармони муҳоҷиратиаш аз он истифода шуд.

 

Барчасп