Май 30, 2017 16:44 Asia/Dushanbe
  • Шӯхии сангини раҳбари Кореяи Шимолӣ бо Амрико

Раҳбари Кореяи Шимолӣ ҳадаф аз охирин озмоиши мушакии ин кишварро фиристодани ҳадя барои Вашингтон эълом кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Олам”, Ким Чен Ун пас аз назорат ба озмоиши ахири шиллики мушаки кӯтоҳбурди Кореяи Шимолӣ гуфт: “Бояд дар оянда ба пешрафте бирасем, ки битавонем бо такя бар он «ҳадяҳои ҳайратангезро» барои Амрико бифиристем”.

Субҳи душанбе дар соҳилҳои шарқии Кореяи Шимолӣ озмоиши мушакии ҷадиде иҷро шуд. Мушаки Кореяи Шимолӣ шаш дақиқа пас аз шилликаш 450 километрро тай кард. Ин мушак дар мантиқаи обҳои иқтисодии Ҷопон, дар 500-километрии ҷазираи Садо суқут кард, аммо суқути он хисорате  надошт.

 

Барчасп