Ташаккури Путин аз Арабистон ба далели ҳамкорӣ дар ОПЕК
(last modified Tue, 30 May 2017 14:44:31 GMT )
Май 30, 2017 19:44 Asia/Dushanbe
  • Ташаккури Путин аз Арабистон ба далели ҳамкорӣ дар ОПЕК

Раисҷумҳури Русия дар дидор бо ҷонишини валиаҳд ва вазири дифои Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбе аз Риёз ба далели ҳамкорӣ бо ОПЕК дар ҳифзи саҳмияи тавлиди нафт ташаккур кард.

Ба гузориши “Русия ал-явм”, Владимир Путин дар дидор бо Муҳаммад ибни Салмон афзуд, иқдомоти муштараки Русия бо Арабистон дар заминаи нафт имрӯз мунҷар ба истиқрори авзоъ дар бозори нафт шудааст.

Ҳафтаи гузашта ОПЕК ва кишварҳои ғайриузв, аз ҷумла Русия бар сари идома додан ба коҳиши тавлиди нафт то 9 моҳи дигар бо ҳадафи афзоиши баҳои ҷаҳонии нафт ба тавофуқ расиданд. Путин ҳамчунин ба Муҳаммад ибни Салмон гуфт, ки Маскав дар интизори сафари Малик Салмон, подшоҳи Арабистон ба Русия аст ва ин сафар метавонад таъсири бузурге дар тақвияти равобити ду кишвар дошта бошад.

Путин пас аз ин дидор дар конфронси хабарии муштарак бо Ибни Салмон низ гуфт, ки равобити Русия ва Арабистон ба шакли муваффақе густариш меёбад. Раисҷумҳури Русия ҳамчунин дар бораи буҳрони Сурия гуфт, ки Маскав ва Риёз барои расидан ба роҳҳале барои он ҳамкорӣ мекунанд.