Июн 01, 2017 16:11 Asia/Dushanbe

Сукути тӯлонии Стюарт Ҷонс -дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар посух додан ба хабарнигоре, ки аз ӯ дар бораи таноқуз дар сиёсати Амрико дар қиболи Эрон ва Арабистон савол кард, ба сюжети рӯзи расонаҳои амрикоӣ табдил шуд.

Ба гузориши Пресс Тв, хабарнигор аз Ҷонс пурсид: «раисиҷумҳури Амрико дар ҳоле аз демократияи Эрон интиқод кард, ки дар канори мақомоти Саудӣ истода буд. Шумо тааҳҳуди Арабистонро ба демократия чигуна арзёбӣ мекунед? Оё давлати Амрико мӯътақид аст, ки демократия монеъе зидди ифротгарӣ аст?»

Ҷонс, ки гӯё аслан интизори чунин саволеро надошта ва ҳайрон шуда буд, наздик ба 20 сония сукут кард ва саранҷом пас аз ин сукути тӯлонӣ ва ғайримаъмул, ки расонаҳои амрикоӣ онро «сукути ношёна» хонданд, бидуни ишора ба масъалаи демократия дар Арабистон, гуфт, сафари Трамп ба Ховари Миёна, мӯҷиби пешрафт дар мубориза бо терроризм шудааст.

Дастёри вазири хориҷаи Амрико сипас бо муттаҳам кардани Эрон ба ҳимоят аз терроризм ва бидуни посух додан ба саволи дигаре, нишасти матбуотиро тарк кард.