Июн 02, 2017 15:58 Asia/Dushanbe
  • Оғози бисту якумин Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар Санкт-Петербург

Бисту якумин Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия оғоз ба кор кард.

21-умин Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар шароите оғоз шуда, ки иқтисоди Ғарб бо набудани инсиҷом ва бесуботӣ мувоҷеҳ аст ва қутбҳои ҷадиди иқтисодӣ дар қораи Осиё ва Амрикои Лотинӣ эҷод шудаанд.

Мавзӯоти иқтисоди тиҷорӣ ва молӣ, баррасии масоили муҳиму мушкилоти байналмилалӣ, авзои Ховари Миёна, ояндаи ҷаҳон ва равобити кишварҳо аз мавзӯъҳои ҳамоиши мазкур аст. Дар ҳамоиши Санкт-Петербург амалкарди кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба унвони як паймони амниятӣ ва иттиҳоди бузурги иқтисодӣ низ баррасӣ мешавад.

Созмони Ҳамкории Шонгҳой 15 июни соли 2001 бо ҳузури кишварҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия ва Узбакистон дар шаҳри Шонгҳойи Чин таъсис шуд.