Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба ҳамтои афғонаш
(last modified 2017-06-02T11:10:09+00:00 )
Июн 02, 2017 16:10 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба ҳамтои афғонаш

Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёме ба раисҷумҳури Афғонистон иқдоми террористии ахир дар Кобул, куштаву маҷрӯҳ шудани мардуми мазлуми Афғонистонро маҳкум ва ин фоҷиаи дилхарошро ба ҳукумату миллати ин кишвар таслият гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, дар паёми Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамтои афғонаш омадааст: “Анҷоми ҳамалоти террористии ҷиноятомез дар моҳи мубораки Рамазон нишон медиҳад, омилон, омирон ва ҳомиёни ин гуна иқдомоти кӯр ҳеҷ баҳрае аз дини мубини Ислом ва омӯзаҳои инсонии он набурдаанд”.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки “дар ин фоҷиаи азим дар канори ҳукумату миллати бародари Афғонистон истодаем”, афзуд: “Эрон ба муборизаи қотеи худ то маҳви комили террор ва ифротгароӣ идома хоҳад дод”.

Дар ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул ҳудуди сад нафар ҷон бохтанд ва 500 нафари дигар низ захмӣ шуданд. Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифтааст. Ин дувумин ҳамлаи хунини аносири ДИИШ дар пойтахти Афғонистон дар камтар аз се моҳи гузашта аст. ДИИШ 9 марти имсол низ ҳамлаи маргбореро ба бемористони артиш дар маркази Кобул анҷом дод, ки 30 кушта ва беш аз 50 захмӣ бар ҷой гузошт.

 

Барчасп