Июн 02, 2017 21:25 Asia/Dushanbe
  • 17 куштаву захмӣ дар тазоҳуроти имрӯзи мардум дар Кобул

Дар тазоҳуроти имрӯзи мардуми Афғонистон нисбат ба ноамнӣ дар пойтахти ин кишвар 17 нафар куштаву захмӣ шуданд.

Мардуми Афғонистон имрӯз, ҷумъа, дар эътироз ба густариши ноамниҳо дар кишварашон, бавижа инфиҷори рӯзи чаҳоршанбеи шаҳри Кобул дар ин шаҳр тазоҳурот карданд, ки бар асари ҳамла ва тирандозии нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳафт нафар кушта ва дастикам даҳ нафари дигар захмӣ шуданд. Пештар манобеъ аз кушта шудани як тазоҳуркунанда ва се захмӣ хабар дода буданд.

Тазоҳуркунандагон шиорҳои «Марг бар Амрико!» ва «Мо адолату амният мехоҳем!» сар дода, истеъфои Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати Миллии Афғонистонро хостор шуданд. Муътаризон ҳамчунин хостори эъдоми зиндонёни узви гурӯҳи террористии “Ҳаққонӣ” тавассути ҳукумат шуда, гуфтанд, то вақте ки онҳо эъдом нашаванд, Афғонистон рӯйи оромишро ба худ нахоҳад дид ва танҳо роҳи таъмини амният дар Афғонистон муҷозоти ҷинояткорон аст.

Инфиҷори муҳиби рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи дипломатнишини Кобул, дар наздикии яке аз дафотири амнияти миллӣ ва сафоратҳои хориҷӣ Афғонистонро ларзонд, ки ба кушта шудани дастикам 100 тан ва захмӣ шудани ҳудуди 500 нафар мунҷар шуд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, дафтари намояндагии ИРНА, Садо ва симо дар Кобул низ дар ин инфиҷор дучори хисорат шудаанд.

 

Барчасп