Кӯмаки молии Арабистон ва Иморот ба терроризм дар Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18166-Кӯмаки_молии_Арабистон_ва_Иморот_ба_терроризм_дар_Покистон
Манобеи покистонӣ аз кӯмаки молии Арабистон ва Иморот ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар Покистон хабар медиҳанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 03, 2017 14:05 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки молии Арабистон ва Иморот ба терроризм дар Покистон

Манобеи покистонӣ аз кӯмаки молии Арабистон ва Иморот ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар Покистон хабар медиҳанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, шабакаи телевизионии “Дон”-и Покистон ба нақл аз як дипломати амрикоӣ фош кард, Арабистон ва Иморот ҳар сол сад миллион доллар ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар ҷануби иёлати Панҷоб, дар шарқи Покистон кӯмаки молӣ мекунад ва ин пул барои тарвиҷи ифротигарӣ истифода мешавад.

Дипломати амрикоӣ дар Лоҳури Покистон дар номае ба давлати Амрико навиштааст, гурӯҳҳои ифротӣ дар иёлати Панҷоб аз тарафи Арабистон ва Иморот кӯмаки молӣ мешаванд ва бо истифода аз фақри мардуми ҷануби ин иёлат, онҳоро ба номи ҷиҳод фиреб медиҳанд ва барои ҳар кас ки кушта мешавад, садҳо ҳазор рупия ба волидайни онон пардохт мешавад.

 Бар асоси ин гузориш, Арабистон ва Иморот ин кӯмаки молиро аз тариқи гурӯҳи террористии “Ҷамоат -уд-даъваҳ” ба такфириҳо дар иёлати Панҷоб мефиристанд.