Амрико, душмани шумораи яки русҳо
Натоиҷи тозатарин назарсанҷӣ дар Русия нишон медиҳад, мардуми ин кишвар Амрикоро душмани шумораи яки кишварашон медонанд.
Ба иттилои Ирно, бар пояи натоиҷи пажуҳиши Муассисаи назарсанҷии Левада-Сентр, 69 дарсади мардуми Русия, Амрикоро душмани аслии кишварашон медонанд .
Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, Украина бо 50 дарсад ва Олмон бо 24 дарсад аз назари мардуми Русия душманони шумораи ду ва се ҳастанд .
Ин оморҳо дар ҳолест, ки русҳо бо 15 дарсад раъйи манфӣ, Британияро дар радифи охири душманони Русия қарор додаанд .
Бар асоси ин назарсанҷӣ, 46 дарсади мардуми Русия, Беларус ва 39 дарсад Чинро дӯстони аслии Русия муаррифӣ кардаанд .
Амрико аз соли 2014 бо пайгириҳои густардаи Барак Обама, раисҷумҳури пешини ин кишвар чанд бастаи таҳримҳои иқтисодӣ, бонкӣ, молӣ ва фанноварӣ алайҳи Русия ва ҳамчунин бархе мақомҳои рус эъмол кард .
Ин рӯйкард дар давлати Доналд Трамп ҳам идома ёфта ва ҳатто дар мавориде афзоиш низ доштааст .