Амрико, душмани шумораи яки русҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18238-Амрико_душмани_шумораи_яки_русҳо
Натоиҷи тозатарин назарсанҷӣ дар Русия нишон медиҳад, мардуми ин кишвар Амрикоро душмани шумораи яки кишварашон медонанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 05, 2017 15:43 Asia/Dushanbe
  • Амрико, душмани шумораи яки русҳо

Натоиҷи тозатарин назарсанҷӣ дар Русия нишон медиҳад, мардуми ин кишвар Амрикоро душмани шумораи яки кишварашон медонанд.

Ба иттилои Ирно, бар пояи натоиҷи пажуҳиши Муассисаи назарсанҷии Левада-Сентр,  69 дарсади мардуми Русия, Амрикоро душмани аслии кишварашон медонанд .

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, Украина бо 50 дарсад ва Олмон бо 24 дарсад аз назари мардуми Русия душманони шумораи ду ва се ҳастанд .

Ин оморҳо дар ҳолест, ки русҳо бо 15 дарсад раъйи манфӣ, Британияро дар радифи охири душманони Русия қарор додаанд .

Бар асоси ин назарсанҷӣ, 46 дарсади мардуми Русия, Беларус ва 39 дарсад Чинро дӯстони аслии Русия муаррифӣ кардаанд .

Амрико аз соли 2014 бо пайгириҳои густардаи Барак Обама, раисҷумҳури пешини ин кишвар чанд бастаи таҳримҳои иқтисодӣ, бонкӣ, молӣ ва фанноварӣ алайҳи Русия ва ҳамчунин бархе мақомҳои рус эъмол кард .

Ин рӯйкард дар давлати Доналд Трамп ҳам идома ёфта ва ҳатто дар мавориде афзоиш низ доштааст .